Январ 13, 2018 17:58 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомҳои аршади Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Бишкек

Муовини вазири хориҷаи Қирғизистон дар дидори сафири Тоҷикистон дар ин кишвар, дӯрнамои тавсеаи равобит миёни Бишкек ва Душанберо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Суҳроб Олимзода, сафири Тоҷикистон дар Бишкек бо Динора Комилова, муовини вазири умури хориҷаи Қирғизистон дидору гуфтугӯ кард.

Тайи ин дидор масоили марбут ба баргузории маросимҳои мухталиф ба муносибати 25-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни ду кишвар, баррасӣ шуд.

Равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар 14 январи соли 1993 барқарор шуд ва дар марти соли 1997 милодӣ, Бишкек сафоратхонаи худ дар Душанберо ифтитоҳ кард.

Сафоратхонаи Тоҷикистон низ дар пойтахти Қирғизистон ифтитоҳ шуда ва дар ҳоли фаъолият аст.