Январ 16, 2018 15:16 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи сохти масҷидҳои ҷадид дар Тошканд

Тарҳи сохти масҷидҳои ҷадид дар Тошканд, пойтахти Узбакистон, мавриди баррасии мақомоти ин кишвар қарор гирифт.

Ба нақл аз Кон, дар сурати тасвиби ин тарҳ, дар ибтидои хиёбонҳои бузург, масоҷиди сари роҳӣ сохта хоҳад шуд .

Ин тарҳ дар ҷаласаи муштараки рӯҳониён ва намояндагони мардум дар маҷлиси шаҳрии Тошканд матраҳ шуда ва қарор аст, ба зудӣ барномаҳои мутолиотии он оғоз шавад .

Раҳматилло Сайфиддинов, имом хатиби масҷиди Мирзо Юсуф, дар шаҳраки Юнусободи Тошканд дар намози ҷумъа эълом кард, таъсиси масҷид дар масирҳои аслии шаҳр муҷиби раҳоии мусофирону гардишгарон аз саргардонӣ ба манзури пайдо кардани ҷое барои намозгузорӣ мешавад .

Дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Тошканд, дарҳои 117 масҷид бар рӯи намозгузорон боз аст.