Январ 18, 2018 19:02 Asia/Dushanbe

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон аз кушта шудани 52 шаҳрванди Узбакистон бар асари оташсӯзии як автобус дар вилояти Оқтеппаи ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Руслан Имонқулов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон эълом кард, оташсӯзӣ соати 10:30 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар як автобуси тамғаи "Икарус”, ки ҳомили 57 нафар шаҳрванди Узбакистон буд, сурат гирифт.

Дар пайи ин оташсӯзӣ 52 нафар кушта ва 5 нафар, ки тавонистанд ба мавқеъ аз автобус хориҷ шаванд, дучори сӯхтагӣ шуданд.

Иллати ин оташсӯзӣ, ки дар бузургроҳи Самара – Шимкент дар ҳудуди ноҳияи Иргизи вилояти Оқтеппаи Қазоқистон ва дар 320 километрӣ аз шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон рух дод, эълом нашудааст.