Мамнуияти ҳузури кӯдакон дар маконҳои мазҳабии Қазоқистон
Муовини вазири умури динии Қазоқистон аз мамнуияти ҳузури кӯдакон дар масоҷид ва калисоҳо бидуни волидайн, хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Берек Орин гутфтааст, шикоят ва нигарониҳои хонаводаҳо иллати таҳия ва тасвиби қонуни мамнуияти ҳузури кӯдакон дар масоҷид ва калисоҳо бидуни волидайн ба маҷлиси Қазоқистон ирсол шуд.
Ӯ гуфтааст, волидайн нигарон ҳастанд, ки кӯдакони онон бо ҳузур дар амокини мазҳабӣ, таҳти таъсири мубаллиғони ҷараёнҳои мухарриби ифротӣ қарор гиранд.
Вай идома дод, тибқи қонуни ҷадид ҳамчунин барои кӯдакон боздид аз масоҷид ва калисоҳо дар сурате, ки яке аз волидайни онон мухолиф бошад, низ мамнуъ аст.
Муовини вазорати умури динии Қазоқистон афзуд, қонуни ҷадид аз дахолат дар тарбияти ахлоқии кӯдакон дар дохили хонавода, ҷилавгирӣ хоҳад кард.