Январ 22, 2018 19:27 Asia/Dushanbe
  • Русия ва Қирғизистон тафоҳумномаи ҳамкории низомӣ ва фаннӣ имзо карданд

Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Қирғизистон аз имзои қарордоди тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ ва фаннӣ байни Маскав ва Бишкек тавассути Соронбой Ҷенбеков, раисҷумҳури Қирғизистон хабар дод.

Ба нақл аз Форс, ин қарордоди ироаи маҳсулоти низомӣ барои таъмини манофеи нерӯҳои мусаллаҳи миллии ду кишвар ва таҷҳизи нерӯҳои мусаллаҳро дунбол мекунад.

Ин қарордод ҳамчунин иҷоза медиҳад, ҳамкориҳои низомии байни ду кишвар ва шароити муносиб барои ҳамкории воҳидҳои санъатӣ дар ҳавзаи низомӣ эҷод шавад.

Ин қарордод аз тарафи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Алмазбек Атамбоев, раисҷумҳури собиқи Қирғизистон дар Маскав дар 20 июни соли гузашта ба имзо расида буд ва дар торихи 21 декабри ҳамон сол аз тарафи Парлумони Қирғизистон ба тасвиб расид .

Қирғизистону Русия дар чорчуби Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ҳамкории низомӣ доранд .