Январ 24, 2018 14:12 Asia/Dushanbe
  • Назорати нозирони байналмилалӣ бар интихоботи Туркманистон

Камиссиюни марказии интихоботи Туркманистон аз ҳузури нозирони байналмилалӣ дар интихоботи парлумонии ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи хабаргузории “Форс”, Камиссиюни марказии интихоботи Туркманистон эълом кард, нозирони хориҷӣ аз созмонҳои муътабари байналмилалие ҳамчун Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди давлатҳои мустақил ( Ҳамсуд) ва низ намояндагони маҷолиси кишварҳои хориҷӣ хоҳанд буд то дар фароянди баргузории интихоботи парлумонии ин кишвар ҳузур дошта бошанд.

Дар гузориши камиссиюни марказии интихоботи Туркманистон омадааст, муаррифии номзадҳо барои рақобат дар интихоботи маҷлиси ин кишвар аз имрӯз, 24-уми январ оғоз шудаву то 22-юми феврали соли ҷории мелодӣ (2018) идома хоҳад ёфт ва сабти номи расмиву таъйиди салоҳияти номзадҳо низ дар таърихи 3 то 27 –уми феврал дар 125 ҳавзаи интихоботӣ дар саросари ин кишвар сурат хоҳад гирифт.

То он замон аҳзоби сиёсӣ, ташаккул ва гурӯҳҳои иҷтимоиву мардумии ин кишвар номзадҳои мавриди назари худро таъйин хоҳанд кард ва Камиссиюни марказии интихобот низ дар ин замина мусоидатҳои лозими фанниву омӯзиширо ба намояндагони ин камиссиюн дар шуъбаҳои он ироа хоҳанд дод.

Оғози маъракаи интихоботии намояндагони маҷлиси Туркманистон дар ҳоле аст, ки парлумони ин кишвар бо тасвиби мусаввабае, таърихи баргузории интихоботи маҷлиси шашуми Туркманистонро 25-уми марти соли ҷорӣ эълом кард.