Январ 31, 2018 11:58 Asia/Dushanbe
  • Дидори ҳайатҳои нақшабардории Тоҷикистон ва Ӯзбакистон

Ҳайатҳои нақшабардории давлати Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар дидоре дар вилояти Суғд, мавзӯи аломатгузории марзи муштараки ин ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ин дидор, ки дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуд, роҷеъ ба аломатгузории манотиқи мавриди ихтилофи Тоҷикистон ва Ӯзбакистон баҳсу табодули назар шуд.

Бар асоси эъломи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, аз марзи муштараки ҳазору 333 километрии ин кишвар бо Ӯзбакистон дар беш аз ду даҳаи музокироти дуҷониба 84 дарсад аломатгузорӣ шуда ва тавофуқномаи он низ ба тасвиби парлумонҳои ин ду ҷумҳурӣ расидааст.

 Лекин ихтилофи назари тарафайн бар сари 16 дарсад аз марзи муштараки Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар қаламрави вилояти Суғд ҳамчунон боқӣ мондааст.

Ихтилофи ду кишвар бар сари нерӯгоҳи обии Фарҳод ва заминҳои атрофи он дар даврони Шӯравӣ буд, ки ба муддати 70 сол ба Ӯзбакистон иҷора дода шуд ва бо поёни муддати иҷора, ин минтақа дубора ба қаламрави Тоҷикистон замима шудааст.

Аммо мақомҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар остонаи сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе дар баҳори соли ҷорӣ бар сари ин минтақа низ ба тавофуқ расиданд, ки заминҳои атроф ва садди нерӯгоҳи обии Фарҳод мутааллиқ ба Тоҷикистон ва таъсисоти он мутааллиқ ба Ӯзбакистон хоҳад буд.

Интизор меравад, дар ҷараёни дидори раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон аз Тоҷикистон бо бозкушоии ҳамаи 16 гузаргоҳи марзӣ миёни ин ду кишвар, тавофуқномаи аломатгузории марзҳои муштарак низ ба имзо бирасад.