Боздошти гурӯҳе дар Қазоқистон ба иттиҳоми интишори афкори ифротгароӣ
Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон аз боздошти 12 нафар ба иттиҳоми интишори афкори ифротгароӣ дар ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Осиёи марказӣ, ин ашхос, ки муттаҳам ба интишори гузоришҳои ифротгароёна дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд, тавассути нируҳои амниятӣ дар шаҳрҳо ва минтақаҳои ҷанубии Қазоқистон дастгир шудаанд.
Бар асоси фармони раисҷумҳури Қазоқистон барномаи давлатии мубориза бо терроризм ва ифротигарӣ дар солҳои 2013 то 2017 дар ин кишвар тадвин ва иҷро шудааст.
Давлати Қазоқистон дар паи он аст дар панҷ соли оянда ҳудуди 900 миллион доллар барои иҷрои барномаи давлатии муқобила бо ифротигарӣ ва терроризм дар ин кишвар ҷудо кунад.
Ҳамчунин нируи вежаи мубориза бо терроризм дар Қазоқистон ташкил шудааст.