Лағви раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Узбакистон
Сиёсати ислоҳоти иқтисодии Узбакистон ба бахши гардишгарӣ ва судури раводид барои атбои бархе кишварҳои осиёӣ низ сироят кардааст.
Пас аз дастури Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон мабнӣ бар тавсеаи санъати гардишгарӣ, давлати Тошканд эълом кард:
“Аз рӯзи 10 феврали соли ҷорӣ барои шаҳрвандон чанд кишвари хориҷӣ, судури раводидро лағв мекунад”.
Бар асоси фармони Шавкат Мирзиёев ба тартиб:
“Аз рӯзи шанбеи оянда шаҳрвандони Туркия, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Сингапуру Ҷопон ба муддати 30 рӯз бидуни дарёфти визо метавонанд ба Узбакистон сафар кунанд” .
Дар воқеъ бояд гуфт, дар феҳристи атбои кишварҳое, ки бидуни раводид метавонанд ба Узбакистон сафар кунанд, умдатан ҷумҳуриҳои истиқлолёфта аз Иттиҳоди Шӯравӣ ҳастанд.
Аммо дар феҳристи кишварҳое, ки ба Узбакистон сафар мекунанд, номе аз Тоҷикистон бурда нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомҳои ду кишвари ҳамсоя аз беҳбуди авзои марзӣ ва аломатгузории бахше аз марзҳои муштарак хабар додаанд.
Ба назар мерасад, давлати Душанбе феълан қасд надорад, манбаи даромадии худро маҳдуд намояд.
Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ, коршиноси тоҷик мегӯяд:
“Пас аз даргузашти Ислом Каримов дар моҳи сентябри соли 2016, муносиботи ин ду кишвари ҳамсоя рӯ ба беҳбуд аст”.
Бо вуҷуди ин, Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ муътақид аст:
“Лағви раводиди миёни Тоҷикистону Узбакистон ба зудӣ имконпазир нест ва ба замони бештаре ниёз дорад”.
Ҷудо аз мушкилоти марзии Узбакистону Тоҷикистон бояд гуфт, лағви режими раводиди Узбакистон барои атбои бархе аз кишварҳои Осиёӣ, ки дар ростои идомаи барномаи ислоҳоти иқтисодии давлати Шавкат Мирзиёев дар дастури кор қарор гирифта, аз аҳаммияти зиёде бархурдор аст.
Бадеҳист, ки ин иқдоми Тошканд зимни таҳаққуқи дӯстии миллатҳо, имтиёзи мусбате дар ростои барномаи ислоҳоти давлати Узбакистон маҳсуб мешавад .