Баргузории ҷашни солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон дар Тошканд
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i29711-Баргузории_ҷашни_солгарди_пирӯзии_инқилоби_исломии_Эрон_дар_Тошканд
Ҷашни сию нуҳумин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон бо ҳузури муовини аввали нахуствазири Узбакистон ва ҷамъм зиёде аз сафирон ва намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ дар пойтахти Узбакистон баргузор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 09, 2018 19:58 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷашни солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон дар Тошканд

Ҷашни сию нуҳумин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон бо ҳузури муовини аввали нахуствазири Узбакистон ва ҷамъм зиёде аз сафирон ва намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ дар пойтахти Узбакистон баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА дар ин маросим Баҳмани Оқоразӣ-сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тошканд, пирӯзии инқилоби исломиро ба мақомот, шахсиятҳо, эрондӯстон, нависандагон ва шоирони ҳозир дар маросим табрик гуфт.  Вай бо ибрози хурсандӣ аз раванди рӯ ба рушди робитаҳои иқтисодии ду кишвари Эрон ва Узбакистон, аз ҷумла афзоиши мубодилоти тиҷорӣ ва ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои нақлиёту боркашонӣ ва энержӣ, бар машваратҳои ду кишвар барои ҳаллу фасли масоили минтақа, ба вежа мавзӯъи Афғонистон таъкид кард.

 Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни ситоиш аз сиёсати нави давлати Узбакистон, ки танишзудоӣ ё рафъи нофаҳмиҳо бо ҳамсоягон аст, натиҷаи ин сиёсатро эҳёи ҷойгоҳи таърихӣ ва фарҳангии Узбакистон донист, ки метавонад шароити рушд ва шукуфоии Узбакистон ва саросари минтақаи Осиёи марказиро фароҳам созад.

 Бо рӯйи кор омадани давлати Шавкат Мирзёев дар Узбакистон робитаҳои ин кишвар бо ҳамсоягон ва кишварҳои минтақа рӯ ба беҳбуд гузошта аст.