Феврал 17, 2018 16:37 Asia/Dushanbe
  • Таблиғи маҳсулоти спиртӣ дар фазои маҷозии Қирғизистон мамнуъ шуд

Намояндагони парлумони Қирғизистон қонунеро ислоҳ карданд, ки бар асоси он, таблиғоти интернетии маҳсулоти спиртӣ мамнуъ хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Бишкек, пас аз имзои ин санад тавассути Сооронбай Жээнбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон, давлати ин кишвар системаи мониторинги таблиғот дар интернетро роҳандозӣ хоҳад кард.

Қарор аст, тибқи барнома, ҳудуди ду ҳазор сойти қирғизӣ таҳти назорати ин система қарор гиранд.

Дар сурати нақзи ин қонун ҷаримаҳои 100 ҳазор сум (150доллар) барои шаҳрвандон ва 70 ҳазор сум (як ҳазор доллар) барои шахси ҳуқуқӣ, дар назар гирифта шудааст.

Қабл аз ин, таблиғоти маҳсулоти спиртӣ дар расонаҳои чопӣ ва телевизионӣ мамнуъ шуда буд, ки бо дархости Ожонси давлатии зиддиинҳисорӣ қонуни пешниҳоди мамнуъияти ин гуна таблиғот дар Интернет, дар парлумон кишвар матраҳ шуд.