Август 27, 2016 14:46 Asia/Dushanbe
  • Оғози сохти аввалин бонки ҷаҳонии ураниюми ғанишуда дар Қазоқистон

Сохти аввалин бонки ҷаҳонии ураниюми ғанишуда бо дарсади пойин дар минтақае дар шимолу шарқи Қазоқистон оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузори "Форс", Кумитаи назорат ва контроли энержии ҳастаии Вазорати энержии Қазоқистон эълом кард, Қазоқистон ин бонки ураниюми ғанишударо дар шаҳри Уст-Каменогорск месозад.

Темур Жантикин, яке аз масъулони Вазорати энержии Қазоқистон гуфт, рӯзи гузашта аввалин иқдомот барои сохти ин бонк дар замине ба вусъати 600 метри мураббаъ оғоз шудааст.

Жантикин афзуд, ҳазинаи 2 миллион доллар сохти ин бонкро Ожонси байналмилалии энержии атомӣ таъмин мекунад.

Давлати Қазоқистон моҳи майи соли гузашта тавофуқномаи эҷоди бонки ураниюми ғанишуда бо дарсади пойинро бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба тасвиб расонд.

Ин бонк ба кишварҳои узви Созмони байналмилалии энержии атомӣ иҷоза медиҳад то барои истифода аз энержии атомии сулҳомез эҳтиёҷоти худро аз ин марказ бартараф кунанд.

 

Барчасп