Феврал 28, 2018 13:46 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи боздоштшудаи қирғиз - раиси гурӯҳи муҷримони байналмилалӣ

Телевизиони давлатии Қазоқистон бо пахши як барномаи мустанад Асилбек улу Дамирбек, намояндаи парлумони Қирғизистонро, ки ба тозагӣ дар Алмаато боздошт шуд, раиси гурӯҳи муҷримони байналмилалӣ хонд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Бишкек, хабарнигорони телевизиони давлатии Қазоқистон бо такя бар иттилооти расмӣ ва мувассақ, видеои дидори Дамирбек бо гурӯҳҳои ҷиноиеро, ки дар он мақомоти гумрук, раисони марзбонӣ, тоҷирони қирғиз ва қазоқ низ ҳузур доштанд, мунташир кард.

Дар ин филм афроди боздоштшуда, аз ҷумла намояндаи парлумони Қирғизистон аз фасод дар постҳои марзии Қазоқистон, Чин, Ӯзбакистон ва Қирғизистон парда бардоштанд ва ба гирифтани ришва эътироф карданд.

Қочоқи маҳсулоти чинӣ ба Русия аз тариқи Қазоқистон ва Қирғизистон бо истифода аз гурӯҳҳои ҷиноӣ ва қочоқчӣ, фурсати зиёде барои касби сарвати судҷӯён фароҳам кардааст.

Аъзои гурӯҳи муҷримони байналмилалии Қазоқистон ва Қирғизистон пулҳои дарёфтиро сарфи хариди хонаҳои бузург ва мошинҳои гарону шик мекарданд, ки кулли ин раванд таҳти назорати Асилбек улу Дамирбек буда ва бахши бузурге аз даромади ин гурӯҳ ба вай тааллуқ доштааст.

Намояндаи парлумони Қирғизистон дар яке аз расторанҳои шаҳри Алмаатои Қазоқистон ҳамроҳ бо Амелбек Қушқорбоев, яке аз мақомоти гумруки Қазоқистон ва чанд тоҷири қирғиз ду ҳафта қабл боздошт шуданд.

Илова бар ин, Дамирбек шаҳрвандии дугонаи қирғизӣ ва қазоқӣ дорад.

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ин парвандаи ҷиноиро таҳти назорати худ қарор додааст ва таҳқиқот дар ин замина идома дорад.