Март 07, 2018 15:50 Asia/Dushanbe
  • Пешгирӣ аз вуқӯи 38 амалиёти террористӣ дар Қазоқистон

Мақомҳои амниятӣ ва интизомии Қазоқистон тайи панҷ соли гузашта муваффақ ба пешгирӣ аз вуқӯи 38 маврид аз амалиёти террористӣ дар ин кишвар шудаанд.

Нургали Билисбеков, муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ин оморро дар ҷаласаи ҳукумати ин кишвар ироа кард.

Ба гуфтаи вай, харҷи барномаи мубориза бо терроризм ва ифротгароии динӣ байни солҳои 2013 то 2017 дар маҷмуъ 98 миллиард танга (муодили 35.305 миллион доллар) баровард шудааст.

Муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ҳамчунин эълом кард: “Мо дар амри мубориза бо терроризм ва ифротгароии динӣ ба аҳдофамон расидем”.

Қазоқистон аз ҷумлаи кишварҳои минтақа аст, ки теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз шаҳрвандонаш бо пайвастан ба гурӯҳҳои ифротие ҳамчун ДИИШ, озими ҷангҳои Сурия ва Ироқ шудаанд.

Акнун бо саркӯби ДИИШ мақомҳои Қазоқистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ нигарони бозгашти аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ ба зодгоҳҳои худ ҳастанд.