Боздошти шуморе аз аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Қазоқистон
(last modified Wed, 07 Mar 2018 16:39:28 GMT )
Март 07, 2018 21:39 Asia/Dushanbe
  • Боздошти шуморе аз аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Қазоқистон

Муовини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон аз боздошт ва ҳабси теъдоде аз аъзои ДИИШ-и бозгашта аз Сурия хабар дод.

Нургул Билисбеков дар ҷаласаи ҳайъати давлат ин кишвар гуфт:

“Бо шикасти ДИИШ дар Сурия ва Ироқ, шибҳнизомиёни қазоқи узви ин гурӯҳ ба Қазоқистон бозгаштаанд”.  

Билисбеков тасреҳ кард, аз 125 нафар аз аъзои ДИИШ-и бозгашта ба Қазоқистон 57 нафар аз онон ба зиндон маҳкум шуданд.

Алнор Рос, таҳлилгари масоили байналмилалӣ дар бораи зуҳури терроризм дар минтақаи Осиёи Марказӣ менависад:

“Пас аз зуҳури ДИИШ дар 2014 нигарониҳо нисбат ба афзоиши ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ афзоиш пайдо кард”.

Ба гуфтаи вай, ҳамчунон, ки беш аз 4 ҳазор нафар аз шаҳрвандон ин кишварҳо ба ДИИШ пайвастанд.  

Дар нигоҳи нахуст ба назар мерасад, ифротгароӣ ва тамоюл ба аъмоли террористӣ дар Осиёи Марказӣ чандон решадор набошад.

Ончи таҳти унвони радикализм дар ин минтақа дида мешавад, ношӣ аз шикофҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва албатта навъи робита миёни давлатҳо ва ҷавомеи онҳо бошад.

Аммо Фиона Ҳил, пажуҳишгари Муассисаи Брукингзи Амрико муътақид аст:

“Ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ масъалае қадимӣ аст, ки решаи он ба давраи Тезар ва пас аз ҷанги ҷаҳонии аввал боз мегардад”.

Ба гуфтаи вай, иллати пурранг шудани фаъолитҳои террористӣ дар солҳои ахир ба масоили дохилӣ ва шикофҳои ин ҷавомеъ ва ҳамчунин ҳузури кишварҳои хориҷӣ дар минтақа боз мегардад.

Қазоқистон низ бо доштани сохторе мушобеҳи соири кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла бекории 5 дарсадӣ ва таварруми 7 дарсадӣ кишварест, ки метавонад заминаи парвариши ифротгароиро дар худ дошта бошад.

Сармоягузорӣ ҷиҳати тавсеа дар канори ҳуввиятбахшӣ ба ҷавонон аз аслитарин роҳҳоест, ки метавонад монеи пайвастани шаҳрвандони ин кишварҳо ба гурӯҳҳои террористӣ шавад.