Ифтитоҳи роҳи оҳани “Ғалаба- Амузанг” дар сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон
(last modified Sat, 10 Mar 2018 12:53:44 GMT )
Март 10, 2018 17:53 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи роҳи оҳани “Ғалаба- Амузанг” дар сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе, роҳи оҳани “Ғалаба- Амузанг”-ро ифтитоҳ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Мирзиёев тугмаи намодинеро фишурда ва аз тариқи видео конфронс, ҳаракати нахустин қатор байни истгоҳҳои Амузанг дар вилояти Сурхандарёи Узбакистон ва вилояти Хатлони Тоҷикистонро тамошо карданд.

Дар сафари раисиҷумҳури Узбакистон ба Душанбе дар аввали март, фаъолияти гузаргоҳи марзии рейлии Амузанг ва бархе гузаргоҳҳои марзии заминӣ муҷаддадан оғоз шуд.

Ин хатти роҳи оҳан ба манофеи ду кишвар хидмат карда ва дар тавсеаи ҷоба ҷоии колоҳои транзитӣ, нақши муҳимме ифо мекунад.

Бидуни тардид, ин хатти роҳи оҳан байни Узбакистон ва Тоҷикистон барои тавсеаи мубодилоти бозаргонӣ, ироа хадамоти воридотӣ ва содиротӣ, таҳкими равобит байни ду кишвари дӯст ва бародар кумак хоҳад кард.