Узбакистон манотиқи марзӣ бо Тоҷикистонро аз мина поксозӣ мекунад
Ҳукумати Узбакистон эълом кард, бар асоси тавофуқ бо Тоҷикистон, манотиқи марзии муштараки ин ду кишварро, аз мина поксозӣ хоҳад кард.
Ба гузориши дафтари матбуотии ҳукумати Узбакистон, дар музокироти ахир миёни раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаҳри Душанбе, ду тараф бар сари поксозии манотиқи марзи муштараки ду кишвар, аз мина ба тавофуқ расиданд.
Бар асоси барномаи эълом шуда, тайи солҳои 2018 то 2020, марзи муштараки Узбакистон ва Тоҷикистон аз минаҳое, ки давлати Тошканд дар соли 2000 ба баҳонаи ҷилавгирӣ аз вуруди ҷангҷӯёни “Ҳаракати исломӣ”-и ин кишвар кор гузошта буд, поксозӣ хоҳад шуд.
Ин дар ҳоле аст, ки тайи 18 соли гузашта бар асари бархӯрд бо мина дар марзи муштараки Узбакистон ва Тоҷикистон, даҳҳо нафар аз шаҳрвандони тоҷик кушта ва захмӣ шудаанд.
Аз нигоҳи коршиносон, иқдоми ҳукумати Узбакистон барои поксозии манотиқи марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистон аз минаҳо, ҳокӣ аз ҳусни нияти Тошканд ба манзури беҳбуди равобит бо Тоҷикистон аст. Зеро ин иқдом мӯҷиби рафту омади осони шаҳрвандони ду кишвар ба Тоҷикистон ва Узбакистон ва рушди тиҷорати марзӣ, хоҳад шуд.
Дар нахустин сафари Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон дар рӯзҳои 9 ва 10-уми марти соли ҷорӣ ва дидори вай бо Эмомалӣ Раҳмон, 27 санади ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф ба имзо расид.