Март 25, 2018 09:01 Asia/Dushanbe
  • Муовини вазири хориҷаи Амрико ба Тошканд меравад

Муовини вазири хориҷаи Амрико ба манзури ширкат дар Конфронси сулҳи Афғонистон ба Узбакистон меравад.

Конфронси сулҳи Афғонистон 26-27 март шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон баргузор мешавад.

Томас Шеннон қабли ҳузур дар конфронс, бо Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳур ва Абдулазиз Камолов, вазири хориҷаи Узбакистон дидор ва дар бораи ислоҳоти дар ҳоли анҷом дар ин кишвар табодули назар хоҳад кард.

Дар конфронси Тошканд 300 меҳмон аз созмонҳои байналмилалӣ ва беш аз 20 кишвари ҷаҳон ҳузур хоҳанд дошт.