Март 26, 2018 11:07 Asia/Dushanbe
  • Азим Иброҳим: Заминаҳои гардишгарӣ ва тиҷорати Тоҷикистон бо Қирғизистон зиёд аст

Ахиран шонздаҳумин ҷаласаи Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи масоили ҳамкориҳои мутақобили байни ду кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, дастури кори ҷаласа дар 17 банд, шомили баррасии масъалаҳои тавсеаи ҳамкории мутақобили муассир, аз ҷумла истифодаи матлуб аз захоири обу энержӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, омӯзишу парвариш, пизишкӣ, гумрук, мубориза бо ришвахорӣ, тавсеаи гардишгарӣ, ҳамлу нақл, муҳоҷирати корӣ, марзӣ ва интиқоли молу коло аз роҳҳои заминии ҳарду кишвар буд. Дар ин нишаст эълом шуд, муомилоти тиҷории байн ду кишвар дар соли 2017 нисбат ба давраи мушобеҳ дар соли 2016 ду баробар шудааст.

Тавсеаи гардишгарӣ ва тиҷорати байни Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2016 0.7 дарсад эълом шуда буд, ки ин рақам дар соли 2017 ба 1.4 дарсад афзоиш ёфт. Албатта, имконоти ҳарду кишвар дар бахши гардишгарию тиҷорат ба маротиб бештар аст.

Раисони Комиссияи байнидавлатӣ Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон ва Дайир Кенекеев, муовини нахуствазири Қирғизистон ба вазорат ва ниҳодҳои зирабт дастур додаанд, ки бозори тавлиду масрафи ҳарду кишварро баррасӣ карда, барои расидан ба дастовардҳои беҳтар тадобири дақиқе биандешанд ва ба раисони ҳарду комиссия пешниҳод намоянд. Азим Иброҳим ҳамчунин таъкид кард, сиёсати Тоҷикистон ҳамкории мутақобил бо Ҷумҳурии Қирғизистон аст ва ҷиҳати фароҳам овардани заминаи муносиб барои рушди ҳамкориҳои мутақобили судманд бо ҳимояти манфиатҳои миллӣ аз ҳама имконоту зарфиятҳои мавҷуд истифода хоҳад шуд.

Дар поёни ин нишаст Комиссияи байнидавлатӣ бо риояти манфиатҳои ҳарду ҷониб ва бо имзои протокол ба кори худ поён дод.