Узбакистон дар нишасти Шӯрои вузарои хориҷии кишварҳои узви ИДМ ширкат мекунад
(last modified Tue, 03 Apr 2018 14:11:04 GMT )
Апрел 03, 2018 19:11 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон дар нишасти Шӯрои вузарои хориҷии кишварҳои узви ИДМ ширкат мекунад

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ҳайати узбакистонӣ бо сарпарастии Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии ин кишвар дар нишасти давраии Шӯрои вузарои умури хориҷии кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ, ки дар таърихи 6-уми апрел дар шаҳри Минск, пойтахти Беларусия баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Барномарезӣ шуда, ки дар ин нишаст вузарои умури хориҷӣ ҳамкориҳои мутақобил дар чорчӯби ҷомеаи кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ ва мавзӯоти байналмилалиро баррасӣ кунанд. Бар асоси гузориши бахши матбуотии Кумитаи иҷроияи ИДМ, ҳамкориҳои сиёсӣ ва инсонӣ, ҳамчунин ҳамкориҳои мутақобил дар заминаи таъмини амният дар дастури кори дидорҳои вузарои умури хориҷӣ қарор дорад. Дар ин нишаст ҳамчунин руасои ҳайатҳо дар бораи масоили рӯзи байналамилалӣ ва ҳамкориҳои мутақобил дар қолаби ҷомеаи кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ табодули назар хоҳанд кард.

ИДМ пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравии собиқ шакл гирифт. Баёнияи таъсиси ин иттиҳодия дар 21-уми декабри соли 1991 дар Алмаато тавассути раҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина имзо шуд. Узвияти Гурҷистон дар ин иттиҳодия ба дунболи тасмими расмии раисҷумҳурҳои кишварҳои узв дар 3-юми декабри 1993 ва ба дунболи дархости Эдуард Шварднадзе, раисҷумҳур Гурҷистон дар 9-уми декабри соли 1993 сурат гирифт, аммо соли 2009 ин кишвар аз узвияти ИДМ хориҷ шуд. Беш аз 70 дарсади буҷаи ИДМ тавассути Русия пардохт мешавад.