Апрел 05, 2018 09:33 Asia/Dushanbe
  • Талоши Тоҷикистон барои тавофуқ бо Қирғизистон бар сари нишонагузории сарҳадди муштарак

Мақомоти давлати Тоҷикистон эълом карданд талош мекунанд, то пеш аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бишкек бо Қирғизистон барои ҳалли нишонагузории сарҳадҳои муштараки ин ду кишвар ба тавофуқ бирасанд.

Ба гузориши Топ Т.Ҷ , дар пайи баргузории нишасти ҳайъатҳои сиёсии ду кишвар барои нишонагузории сарҳадҳои муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Душанбе тасмим гирифта шуд, то пеш аз сафари расмии Эмомали Раҳмон ба Бишкек заминаи имзои тавофуқи ниҳоӣ дар мавриди мушаххас кардани хатҳои марзии мавриди ихтилофи ин ду ҷумҳурии ҳамсоя фароҳам шавад.

Як мақоми давлати Тоҷикистон, ки дар ин нишаст ҳузур дошт бидуни ифшои ном гуфт: Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ояндаи наздик барои дидори расмӣ бо мақомоти Қирғизистон ба Бишкек меравад ва талош бар ин аст, ки то он замон ҳар ду кишвар матни созишномаи нишонагузории ниҳоии марзҳои муштаракро омода кунанд.

Ин дарҳолест, ки тайи ду даҳаи музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ танҳо 520 километр аз марзи 721 киломтрии Тоҷикистон ва Қирғизистон таъини таклиф ва мушаххас шудааст.

Тоҷикистон ва Қириғизистон бар сари истифода аз роҳҳои иртиботӣ, манобеъи об ва чарогоҳҳо дар минтақаҳои марзӣ дар вилоятҳои Сӯғд ва Ботканд ихтилофи назар доранд ва ин мавзӯъ монеъи имзои тавофуқи ҷомеъ дар заминаи нишонагузории марзи муштараки ду кишвар шудааст.

Аммо Бобоҷон Икром- таҳлилгари тоҷик бар ин бовар аст, ки дар минтақаҳои мавриди ихтилофи марзҳои муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз 50 нуқта вуҷуд дорад, ки ҳануз таъин таклиф ва мушаххас нашуда ва қочоқчиёни ҳар ду кишвар аз ин маконҳо барои интиқоли маҳсулот бидуни пардохти аворизи гумрукӣ истифода мекунанд ва решаи бархе аз муноқишаҳо низ ҳамин мазӯъ аст. Аз ин ру вай таъкид кардааст Душанбе ва Бишкек бояд бо истифода аз таҷрибаи нишонагузории марзи муштараки Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, ки бо бархе гузаштҳои дуҷониба бадаст омад ҳарчи сареътар ба ин ихтилофҳо поён диҳанд.