Апрел 10, 2018 10:22 Asia/Dushanbe
  • Сохти бинои ҷадиди сафорати Узбакистон дар Тоҷикистон

Узбакистон тасмим дорад, барномаи сохти бинои ҷадиди сафорати ин кишвар дар Тоҷикистонро амалӣ кунад.

Ба гузориши сомонаи “Подробно”, мавзӯи сохти бинои ҷадиди сафорати Узбакистон дар Тоҷикистон дар сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ба Душанбе матраҳ шуд ва ҷонибҳо мувофиқати худро бо ихтисоси замин барои сохти сафоратҳои ҷадид дар пойтахтҳои ду кишвар эълом карданд.

Тарҳи сохти бинои ҷадиди сафоратҳои Узбакистон дар Тоҷикистон ва бархе дигар аз кишварҳои ҷаҳон бар асоси барномаи роҳбурдии ислоҳот дар Вазорати умури хориҷии Узбакистон пиёда мешавад, ки ҳафтае пеш ба имзои Шавкат Мирзиёев расид. Яке дигар аз кишварҳои ҳадаф дар ин барнома Қазоқистон аст. Дар ин барнома зикр шудааст, ки сохтор ва равиши кори дастгоҳи дипломатии Узбакистон навоқиси фаровоне дорад ва ниёзи асосӣ барои ислоҳи ин вазъ, бавижа дар бахши ҳимоят аз манофеи иқтисоди хориҷии Узбакистон мушоҳида мешавад.