Апрел 11, 2018 15:52 Asia/Dushanbe
  • Дархости Туркия аз Қирғизистон дар бораи гурӯҳи Гулен

Мавзуи фаъолияти ниҳодҳои вобаста ба Фатҳуллоҳ Гулен дар Туркия аз мавзуъҳои муҳими мавриди баҳс дар дидори нахуствазири Туркия ва раисҷумҳури Қирғизистон дар Анкара буд.  

Бен Алӣ Йилдирим дар дидори Соронбой Жеенбеков, дар Анкара таъкид кард, Туркия омодаи ҳимояти бештар аз иқтисоди Қирғизистон аст ва ҳамчунон дар бораи афзоиши мизони мубодилоти тиҷорӣ миёни ду кишвар ба сатҳи як миллиард доллар мусаммам аст.

Йилдирим афзуд: Туркия моил аст, ҳарчи зудтар шоҳиди гомҳои Қирғизистон дар ҷиҳати мубориза бо ҳузури аъзои гурӯҳи Гулен дар ин кишвар бошад.  

Раисҷумҳури Қирғизистон низ дар ин дидор бо таъкид бар инки ҳассосияти Анкараро дар бораи мубориза бо гурӯҳи Гулен дарк мекунад, гуфт, кишвараш аҳаммияти зиёде барои тавсеаи равобит бо Туркия қоил аст.

Чанд санади ҳамкорӣ дар сафари раисҷумҳури Қирғизистон ба Туркия байни мақомоти ду кишвар имзо шуд.

 

Барчасп