Август 31, 2016 14:48 Asia/Dushanbe
  • Лағви ҷашнҳои Рӯзи миллии истиқлол дар Узбакистон

Манобеи хабарии маҳаллӣ гузориш доданд, ки мақомоти Узбакистон ҷашнҳои расмии Рӯзи миллии истиқлоли ин кишварро, ки барои аввали сентябр барномарезӣ шуда буд, лағв кардаанд.

Ба гузориши ИРНА, иллати ин тасмим эълом нашудааст, аммо бештари коршиносон бемории ҷиддии Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии ин кишварро далели лағви маросими вижаи биступанҷумин солгарди истиқлоли Узбакистон унвон мекунанд.

Хабаргузории "СА-нюс", имрӯз навишт, ки раиси ҷумҳурии Узбакистон дар бахши муроқибатҳои вижа таҳти муроқибатҳои пизишкӣ қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки бархе расонаҳо дар рӯзҳои ахир аз даргузашти Ислом Каримов хабар додаанд.

Пеш аз ин мақомоти шаҳри Тошканд эълом карда буданд, якуми сентябр ба муносибати биступанҷумин солгарди истиқлол дар тамоми шаҳристонҳо ва манотиқи ин кишвар тибқи риволи ҳарсола ҷашнҳои вижае баргузор хоҳад шуд.

 Давлати Узбакистон рӯзи якшанбе эълом кард, ки Ислом Каримов дар бемористон бистарӣ шудааст ва ниёз ба як давраи хоси дармонӣ дорад.