Таҳлили коршиносони тоҷик дар бораи ояндаи Узбакистон
Дар пайи бемории Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон ин рӯзҳо гӯшу ҳушу маҳофили сиёсии ҷаҳон беш аз пеш мутаваҷҷеҳи Тошканд аст.
Бемории раисҷумҳури Узбакистон ва хабарҳои зидду нақиз дар бораи вазъи саломатии ӯ баҳсҳои гуногунеро дар матбуот, шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барангехтааст.
Коршиносони сиёсӣ гузинаҳои мутафовитеро дар бораи Узбакистони баъд аз Ислом Каримов, таъсири марги эҳтимолии ӯ ба авзои дохилии ин кишвар, Осиёи Марказӣ, рақобати қутбу гурӯҳҳои сиёсӣ барои касби қудрат дар Тошканд, таъсири қудратҳои ҷаҳонӣ дар ояндаи ин кишвар ва дурнамои равобити Тошканд бо кишварҳои минтақаву ҷаҳон матраҳ мекунанд. Коршиносони тоҷик низ дар пайи интишори хабари бемории раисҷумҳури Узбакистон авзоъ ва ахбори ин кишварро ба диққат пайгирӣ карда, сенарияҳои гуногунеро дар бораи авзои ояндаи ин кишвар пешбинӣ мекунанд.
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо ишора ба шакл нагирифтани ҷомеаи маданӣ дар Узбакистон муътақид аст, ки дар сурати набудани Ислом Каримов ҷанги қудрат миёни гурӯҳҳои маъруф ба гурӯҳҳои Самарқанду Тошканд ва Фарғона, ҳамчунин шахсиятҳои бонуфуз дар ин кишвар шиддат хоҳад гирифт. Ҳакимов афзуд, эҳтимол дорад, ки ин раванд боиси ташаннуҷи авзоъ дар кишвари ҳамсоя шавад. Ӯ таъкид кард, ки Маскав ҳатман раванди интиқоли қудратро дар Узбакистон зери назар хоҳад дошт.
Аъзами Хуҷаста, таҳлилгари масоили минтақаӣ дар Хуҷанд ҳам бар ин назар аст, ки маъмулан дар кишварҳои диктаторӣ пас аз марги диктатор таҳаввулу дигаргуниҳои зиёде рух медиҳад. Хуҷаста мӯътақид аст, ки дар даврони пас аз Ислом Каримов бо таваҷҷуҳ ба авзои минтақа ва ҷаҳон равобити Тошканд бо Душанбе ва дигар ҳамсояҳои ин ҷумҳурӣ гармтар хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки Қосимшоҳи Бекмуҳаммад назари мутафовите дорад ва мегӯяд, ки ҳатто пас аз Ислом Каримов дар Узбакистон шоҳиди таҳаввулоти бунёдӣ нахоҳем буд. Ӯ афзуд, Ислом Каримов дар 25 соли раҳбарияш дар Узбакистон нерӯҳое тарбият кардааст, ки монанди ӯ меандешанд ва сиёсати ӯро идома хоҳанд дод.
Инак марди қудратманди Узбакистон дар синни 79-солагӣ дучори хунрезии мағзӣ шуда ва дар бемористон бистарӣ аст. Рӯзи гузашта бархе расонаҳои русӣ бо такя ба хабаргузории "Фергана" хабари даргузашти Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистонро мунташир карданд, аммо Тошканд то кунун дар ин робита ҳеҷ гуна вокунише нишон надодааст.