Май 02, 2018 20:38 Asia/Dushanbe
  • Оғози Нишасти байналмилалии ҷоддаи Абрешим дар Туркманистон

Нишасти байналмилалии “Ҷоддаи бузурги Абрешим-ба сӯи марзҳои пешрафт ва тавсеа” бо ҳузури ҳайъатҳое аз 20 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Эрон дар минтақаи гардишгарии Овоза дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон гушоиш ёфт.  

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон дар оғози ин нишаст таъкид кард, ҳадаф ва мавзуъ аслии ин нишаст эҳёи ҷоддаи бузурги Абрешим, баррасии сиёсатҳои муртабит бо сомонаҳо ва долонҳои ҳамлу нақл ва ифтитоҳи бандари ҷадиди Туркманбошӣ аст.

Бердимуҳаммадов афзуд: Бандари ҷадиди байналмилалии Туркманбошӣ муҷаҳҳаз ба охирин фановариҳо ва дастовардҳои навин дар сомонаи банодир ва меъёрҳои муътабари ҷаҳонӣ як иқдоми ҷадид дар ҳамлу нақли дарёии Хазар ва минтақа аст.