Май 12, 2018 18:11 Asia/Dushanbe
  • 17-уми май дар Узбакистон аввали моҳи Рамазон эълом шуд

Раисиҷумҳури Узбакистон рӯзи панҷшанбе (17 майи соли 2018 милодӣ) баробар 27 урдибиҳиштмоҳи соли 1397-ро, рӯзи аввали моҳи Рамазон дар ин кишвар эълом кард.

Бар асоси дастури Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон мусулмонони ин кишвар аз рӯзи панҷшанбе (17 майи соли 2018) ба истиқболи моҳи мубораки Рамазон мераванд.

Раисиҷумҳури ин кишвар ба мақомоти ниҳодҳои маҳаллӣ ва созмонҳо дастур додааст, ки моҳи мубораки Рамазонро тибқи сунатҳои миллӣ баргузор кунанд.

Бар асоси ин фармон, радио ва телевизион, хабаргузории миллии Узбакистон ва дигар расонаҳои ҷамъӣ, ҳамаи маросими моҳи мубораки Рамазонро ба таври фаъол пӯшиш хоҳанд дод.

Дар ҳоли ҳозир дар Узбакистон беш аз ду ҳазору 37 масҷид фаъол аст.

Ҳамакунун дар Узбакистон 2 ҳазору 238 созмони динии мутааллиқ ба пайравони 16 дин ва оинҳои мухталиф ба сабт расидааст, ки 2 ҳазору 64 ниҳоди динӣ, ки муодили 94 дарсади ин созмонҳо мебошад, марбут ба мусулмонон аст. Ҳамчунин 157 ниҳоди динии масеҳӣ, 8 ниҳоди яҳудӣ, маъбади буддо ва ғайра фаъолият мекунанд.

Пас аз истиқлол дар кишвар садҳо масҷид, калисо, ибодатгоҳҳо эҳдос ва бозсозӣ шудааст. Ҳар сол беш аз ҳафт ҳазору 200 нафар мусулмони Узбакистон аркони Ҳаҷи фарзӣ беш аз 10 ҳазор мусулмон маросими  ҳаҷи умра анҷом медиҳанд.

Ҳам акунун Узбакистон бо беш аз 32 миллиону 807 нафар ҷамъият, пурҷамъияттарин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки аксарияти мардуми онро мусулмонони аҳли суннат ташкил медиҳад.