Май 14, 2018 11:25 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон: Марзбонони тоҷик гуноҳкор буданд

     Хадамоти марзбонии Қирғизистон бо интишори баёнияе, марзбонони Тоҷикистонро дар бурузи таниш дар марзи муштараки ин ду кишвар муқассир(гуноҳкор), муаррифӣ кард.

    Ба гузориши “AKIpress”, дар ин баёния таъкид шудааст, ки чаҳор марзбони тоҷикистонӣ мустақар дар посгоҳи Сада бо вуруди ғайриқонунӣ ба дохили қаламрави Қирғизистон дар ноҳияи Лайлк, асноди шиносоии сокинони деҳаи қирғизнишинро бозрасӣ карданд, ки ба мухолифати рустоиён ва бурузи таниш миёни тарафҳо анҷомид.

    Бар асоси ин гузориш, ба манзури поён додан ба ин таниш гурӯҳҳои марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба маҳалл расида ва аз вуқӯъи даргирии эҳтимолӣ миёни тарафҳо, пешгирӣ карданд.

   Хадамоти марзбонии Қирғизистон қаблан хабар дода буд, ки рӯзи 12 май 4 марзбони тоҷик савори як мошин 40-50 метр вориди марзи давлатии ин кишвар шуда, асноди сокинони деҳаи Садаро тафтиш кардаанд.

   Дар дидори ҳайати фармондеҳии посгоҳи марзии ду кишвар дар ноҳияи Лайлак, тарафи Тоҷикистон эълом кардааст, ки ин иқдом кори чаҳор сарбози тоза ворид буда, ки ба далел надонистани манотиқи марзӣ ба иштибоҳ вориди қаламрави кишвари ҳамсоя шудаанд.

   Гуфта шудааст, тарафи тоҷик ба сабаби ин иттифоқ аз ҷониби Қирғизистон пӯзиш талабидаанд.

  Тоҷикистон ва Қирғизстон дорои 720 километр марзи муштарак мебошанд, ки дар пайи беш аз ду даҳа музокирот, тарафҳо барои аломатгузории марзҳои муштарак танҳо бар сари мушаххас кардани 570 километр тавофуқ ҳосил шудааст.