Май 17, 2018 20:23 Asia/Dushanbe
  • Нигаронӣ аз ҳузури шибҳинизомиёни созмонҳои террористӣ дар Узбакистон

Муовини вазири умури хориҷаи Узбакистон дар номаи расмӣ ба сафири Амрико дар Тошканд, аз афзоиши ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар манотиқи ҷанубии ин кишвар ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Абдуҷаббор Абдулвоҳидов ташдиди чолишҳои амниятӣ ва рушди таҳдидоти террористиро мӯҷиби нигаронии ниҳодҳои сиёсӣ ва амниятии Узбакистон дониста ва гуфтааст, неруҳои шибҳинизомии созмонҳои террористии байналмилалӣ дар Ховари Миёна дар ҳоли бозгашт ба Осиёи Марказӣ ҳастанд.

Вай дар ин нома бо ишора ба инки муборизаи фаъоли ниҳодҳои амниятии Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон террористҳоро ба самти Узбакистон кашонда, хабар додааст, дар ҳоли ҳозир дар вилоятҳои ҷанубии ин кишвар, ҳудуди 5 ҳазор шибиҳинизомии созмонҳои террористӣ ҳузур доранд.

Абдуҷаббор Абдулвоҳидов ҳамчунин ба рушди қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир дар устонҳои шимолии Афғонистон, аз ҷумла дар Балх ишора ва тасреҳ кардааст, идомаи таҳдидоти террористӣ ва адами анҷоми иқдомоти муассир барои мубориза бо он, ба эътибори Вашингтон дар дохил ва хориҷ латма хоҳад зад.

Ин мақоми узбак дар ин нома хоста, барои ҷилавгирӣ аз қатъи ҳамкориҳои судманди мутақобил байни Амрико ва Узбакистон, ин вазъият баррасӣ ва барои он роҳи ҳал пешниҳод шавад.