Май 23, 2018 11:12 Asia/Dushanbe
  • Бекор кардани мамнуияти вуруди ҷавонони зери 18 сол ба масҷидҳои Ӯзбакистон

Имомхатиби масҷиди ҷомеи Шайх Антаҳури Тошканд аз лағви мамнуияти вуруди ҷавонони зери 18 сол ба масҷидҳои Ӯзбакистон хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Аzon.uz”, Одилхон Қорӣ гуфтааст, ба муносибати моҳи мубораки Рамазон дарҳои масоҷид бар рӯйи ҷавонони зери 18 сол боз шудааст ва онон метавонанд дар намозҳои таровеҳ ширкат кунанд.

Ин мавзуъ боис шудааст дар масҷидҳои шаҳри Тошканд ҷавонони зер 18 сол ҳозир шаванд.

Ин дар ҳолест, ки дар даврони раёсати ҷумҳурии Ислом Каримов дар Ӯзбакистон вуруди ҷавонони зери 18 сол ба масҷидҳо мамнуъ буд ва волидайн дар сурати риоя накардани ин фармон то 750 доллар ҷарима мешуданд.

Аз соли 2017 ва пас аз ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбакистон вуруди дубораи ҷавонон ба масҷидҳо оғоз шуд.

Қонуни мамнуъияти вуруди ҷавонони зери 18 сол ба масҷидҳо дар Тоҷикистон низ вуҷуд дорад ва манобеи мустақили хабарӣ аз шиддат гирифтани ин муқаррарот дар моҳи мубораки Рамазони соли ҷорӣ хабар додаанд.

Гуфта мешавад, бо оғози моҳи мубораки Рамазон дар шаҳри Душанбе ва бештари ноҳияҳои Тоҷикистон мақомоти идороти маҳаллӣ, маориф ва интизомӣ бо истодан дар даромади масҷидҳо, аз ҳузури ҷавонони зери 18 сол дар ин марокизи ибодӣ пешгирӣ мекунанд.