Тақвияти ҳамкории низомии Узбакистон ва Русия
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i34572-Тақвияти_ҳамкории_низомии_Узбакистон_ва_Русия
Раисҷумҳури Узбакистон дар дидори вазири дифои Русия бар тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар ба вижа дар заминаи низомӣ таъкид кард.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 23, 2018 16:09 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти ҳамкории низомии Узбакистон ва Русия

Раисҷумҳури Узбакистон дар дидори вазири дифои Русия бар тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар ба вижа дар заминаи низомӣ таъкид кард.  

Дар дидори Шавкат Мирзиёев бо Сергей Шайго дар Тошканд, дутараф дар бораи афзоиши ҳамкориҳои низомӣ, фанновариҳои модерни низомӣ ва густариши ҳамкориҳои ниҳодҳои зирабти низомӣ табодули назар карданд.

Вазири дифои Русия дар ин дидор зимни баррасии охирин таҳаввулоти минтақаӣ, паёми шифоҳии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба ҳамтои узбаки худро иблоғ ва бар омодагии Русия барои таъмини манофеи ду кишвар таъкид кард.