Сентябр 03, 2016 14:38 Asia/Dushanbe
  • Таслияти сарони кишварҳои ҷаҳон ба муносибати даргузашти Каримов

Сарони шуморе аз кишварҳои ҷаҳон бо судури паёмҳои ҷудогона даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистонро таслият гуфтанд.

Ба гузориши ИРНА, Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар паёме ба Неъматуллоҳ Юлдошев, кафили раисҷумҳури Узбакистон гуфт, рафтани Каримов барои Узбакистон, Иттиҳоди кишварҳои мустақил ва кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай андӯҳи бузурге аст.

Путин бо таъкид бар ин ки Каримов дар сиёсати хориҷӣ сулҳҷӯиро пеш мебурд, гуфт: "Ин сиёсат боиси густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни кишварҳои минтақа шудааст".

Ҳамчунин Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия дар раъси ҳайате барои хоксупории раиси ҷумҳурии собиқи Узбакистон, роҳии ин кишвар мешавад.

 Барак Абама, раиси ҷумҳурии Амрико ҳам дар баёнияе эълом кард, дар ин лаҳзаҳои душвор, Иёлоти Муттаҳида бори дигар пуштибонии худро аз мардуми Узбакистон эълом мекунад.

Абама афзуд, дар ҳоле Узбакистон сафҳаи дигаре дар таърихи худро оғоз кардааст, ки Амрико ҳамкории худро бо ин кишвар барои истиқлол, амният ва ояндаи ҳуқуқи асосии шаҳрвандон идома хоҳад дод.

Ши Ҷин Пинг, раиси ҷумҳурии Чин низ аз Ислом Каримов ба унвони "дӯсти воқеӣ" ном бурд, ки дар рушди Узбакистон нақше таърихӣ ифо кард ва муносибатҳои кишвараш бо Чинро ба болотарин сатҳ расонд.

Интизор меравад, шаҳри Самарқанд, зодгоҳи Ислом Каримов имрӯз мизбони сарони 11 кишвари узви Ҷомеаи ҳамсуд барои ширкат дар маросими хоксупории Каримов бошад.

Тибқи Қонуни асосии Узбакистон, баъд аз даргузашти раиси ҷумҳурии ин кишвар, масъулияти идораи давлат то се моҳ ба ӯҳдаи раиси Маҷлиси миллии Узбакистон хоҳад буд ва дар ин муддат бояд интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор ва раиси ҷумҳурии ҷадид интихоб шавад.

 

Барчасп