Ҳалли мушкили ҳаракати шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар ояндаи наздик
Фармондеҳи нерӯи марзбонии Тоҷикистон, вобаста ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар гуфтааст, сафҳои тӯлонӣ дар марзҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон муваққатӣ аст ва дар ояндаи наздик ин мушкил ҳал хоҳад шуд.
Ба гузориши “СА – Нюз”, генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар бораи сафи тӯлонӣ дар марзҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон барои сафари шаҳрвандони ин ду кишвар гуфтааст, ин падида сирфан ҷанбаи фаннӣ дорад, ки ба камбуди нерӯ ва имконот бармегардад.
Пас аз амалӣ шудани созишномаи сафари 30 рӯзаи бидуни раводиди шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба кишварҳои якдигар, теъдоди алоқамандон барои боздид аз бастагон ва маконҳои таърихии ин ду кишвари ҳамсоя афзоиш ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки нерӯҳои марзбонӣ ва имконоти гузаргоҳҳо кофӣ нест ва ҳамин боиси сафҳои тӯлонӣ дар марзи ду кишвар шудааст.
Аз ин рӯ, нерӯи марзбонии Тоҷикистон иқдом ба афзоиши теъдоди нерӯҳо ва фароҳам кардани шароит барои осон шудани рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба кишварҳои якдигар кардааст.
Пас аз бозкушоии 16 гузаргоҳи марзӣ ва фароҳам шудани сафари 30 рӯзаи бидуни раводиди шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба кишварҳои якдигар, танҳо дар моҳи марти соли ҷорӣ 300 ҳазор нафар аз ин фурсат истифода кардаанд.
Ба гуфтаи фармондеҳи нерӯи марзбонии Тоҷикистон, ба сабаби афзоиши теъдод мутақозиёни сафар ба Ӯзбакистон, теъдоди кормандони гузаргоҳҳои марзӣ миёни ин ду кишвари ҳамсоя низ афзоиш ёфтааст то рафтуомади афрод осон шавад.
Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дорои 16 гузаргоҳи марзӣ ҳастанд, ки дар даврони раёсати ҷумҳурии Ислом Каримов танҳо ду гузаргоҳ фаъол буд ва имкони сафар бидуни доштани раводид ҳам вуҷуд надошт.
Аммо дар пайи нахустин сафари расмии Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба Тоҷикистон дар марти соли ҷорӣ, заминаи сафари 30 рӯзаи бидуни раводиди шаҳрвандони ду ҷумҳурӣ ба кишварҳои якдигар фароҳам шуд.