Май 30, 2018 16:44 Asia/Dushanbe
  • Оғози музокирот барои эҳдоси нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Узбакистон

Тошканд ва Маскав музокирот барои эҳдоси нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Узбакистонро оғоз карданд.  

Ҳайъате ба сарпарастии Алексей Лихачев, мудири кулли маҷмуаи ширкатҳои давлатии Русатоми Русия дар дидор бо мақомоти Узбакистон дар Тошканд дар бораи густариши ҳамкориҳои ҳастаии ду кишвар ва эҳдоси нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Узбакистон баҳс ва табодули назар кард.

Раиси ширкати Русатом ҳамчунин қарор аст, бо Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон низ дидор ва гуфтугӯ кунад.