Сентябр 03, 2016 17:06 Asia/Dushanbe
  • Фавти Каримов тағйире дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии Узбакистон намедиҳад

Муовини раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ ё созмони Афви байналмилал гуфт, бо марги Ислом Каримов чандон тағйире дар низоми Узбакистон рух нахоҳад дод ва давлати баъдӣ низ ҳамон рӯйкарди давлати қаблро идома хоҳад дод.

Ба гузориши сойти Озодагон, Денис Кривошеев муовини раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ ё созмони Афви байналамилал гуфт, бо марги Каримов чандон тағйире дар низоми Узбакистон рух нахоҳад дод ва давлати баъдӣ низ ҳамон рӯйкарди давлати қаблро идома хоҳад дод.

Вай бо баёни ин ки марги Каримов чандон таъсир дар риояти ҳуқуқи башар дар Узбакистон нахоҳад гузошт, афзуд, раисиҷумҳури оянда низ яке аз атрофёни Каримов хоҳад буд ва бидуни шак сиёсати вайро идома хоҳад дод.

Денис Кривошеев гуфтааст, давоми 27 соли султаи Каримов ҳуқуқ ва озодӣҳо нақз шуда, шиканҷа ва боздоштҳои ғайриқонунӣ ҷузъи ҷудонопазири низоми додгоҳӣ шуд: “11 сол қабл дар Андиҷон садҳо нафар аз дасти пулис кушта шуданд, аммо муҷримон ҳанӯз муҷозот нашудаанд. Ҳазорон нафар пас аз мурофиаҳои ғайриқонунӣ ба маҳбасҳои Узбакистон партофта шудаанд”.  

Бар асоси Қонуни асосии Узбакистон давоми се моҳи оянда, то баргузор шудани интихоботи раёсатҷумҳурӣ кишварро раиси Маҷлиси миллӣ раҳбарӣ мекунад. Ҳоло дар ин мақом Неъматулло Юлдошев нишастааст.

 

Барчасп