Июн 01, 2018 19:21 Asia/Dushanbe
  • Дидори нахуствазирони Узбакистон ва Тоҷикистон дар Душанбе

Нахуствазирони Узбакистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо якдигар дидор ва дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла густариши ҳамкории ду кишвар табодули назар карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс дар Тошканд, дар дидори Абдуллоҳ Орифов нахуствазири Узбакистон ва Қоҳир Расулзода нахуствазири Тоҷикистон, барномаи сафари Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тошканд мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Чигунагии рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф, иҷрои тавофуқоти байни Тошканд ва Душанбе дар чорчуби сафари расмии раиси Ҷумҳурии Узбакистон ба Тоҷикистон дар марти соли ҷорӣ ва омодагӣ ба сафари раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тирамоҳи соли ҷорӣ ба Тошканд, аз дигар мавзӯоте буд, ки дар ин дидор мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Нахуствазирони Узбакистон ва Тоҷикистон ҳамчунин ибрози умедворӣ карданд, сафари раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Узбакистон, ба тавсиаи беш аз пеши равобити ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо ҷаҳиши тозае хоҳад дод.

Орифов ва Расулзода ҳамчунин дар мавриди тавсиаи равобити кишварҳои минтақа ва дастури кори Шӯрои нахуствазирони ИДМ табодули назар карданд.