Дидгоҳи Раҳматилло Зоиров дар бораи вазъи Узбакистон
Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо ишора ба даргузашти Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон гуфт, акнун барои нухбагони сиёсии ин кишвар фурсате фароҳам шудааст, то бо нигоҳ ба амалкарди қаблии худ дар бораи оянда тасмими дуруст бигиранд.
Ба иттилои сайти "ТоҷИнфо", Раҳматилло Зоиров гуфт, аз он ҷо ки вай мутаваллиди Узбакистон аст, дар Тоҷикистон дар остонаи баргузор шудани интхоботи риёсатҷумҳурӣ ва парлумонӣ дар маҳофили давлатӣ чунин таблиғ мешуд, ки вай "ҷосуси Узбакистон" ва "фарди Каримов" дар ин кишвар аст ва бо ин гуна мавзеъгирӣ мехостанд имтиёз гирифта, аз раъйи мардум ба номзадҳои Ҳизби сотсиал-демократ ҷилавгирӣ кунанд.
Аз дидгоҳи Зоиров, акнун, ки Ислом Каримов фавт карда, мавзӯи муҳим ин аст, ки шакли интиқоли қудрат дар ин кишвар чӣ гуна хоҳад буд, зеро ҳифзи суботу амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳатто Русия ба авзои Узбакистон бастагӣ дорад. Ба эътиқоди ӯ, нухбагони сиёсии ин кишвар бар сари тақсими қудрат ва мудирияти ин ҷумҳурӣ ба тавофуқ расидаанд, то ҳеҷ навъ бесуботӣ ва ҳарҷу марҷ иттифоқ наафтад. Шояд бархе тағйирот дар мавриди таъйини кадрҳо рӯй диҳад, аммо қатъан ноамну танишҳои сиёсӣ дар Узбакистон ба вуқӯъ намепайвандад. Аз нигоҳи Зоиров, арзёбии дуруст аз амалкард сиёсии Ислом Каримов кори душвор аст, зеро вай шахсияти печидае дошт ва ин амр ниёз ба замони бештаре дорад.