Июн 10, 2018 13:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти раиси ҷумҳурии Қазоқистон аз тавофуқи ҳастаӣ

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон дар нишасти имрӯзи иҷлоси Созмони ҳамкории Шанхай дар Чин аз тавофуқи ҳастаӣ ҳимоят мекунад.

Ба гузориши ИРНА, Нурсултон Назарбоев дар суханронии худ дар иҷлоси Созмони ҳамкории Шанхай гуфт: Остона аз БАРҶОМ ҳимоят мекунад ва аз ҳамаи кишварҳо низ мехоҳад ба БАРҶОМ эҳтиром бигузоранд.

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон ҳамчунин афзуд: Остона аз талоши кишварҳои Эрон, Русия ва Туркия барои ҳалли буҳрони Сурия қадрдонӣ мекунад.

Ҳаждаҳумин нишасти сарони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Чиндаои Чин субҳи имрӯз якшанбе бо суханронии Си Ҷинпин раиси ҷумҳурии Чин оғоз шуд.

 Муқобила бо терроризм ва ифротигароӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ аз ҷумлаи меҳварҳои ин иҷлос аст.

Дар нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар Чин сарон ва раисони давлатҳои ҳашт кишвари узв ва чаҳор кишвари нозир ҳузур доранд.

 

Барчасп