15 июн, Иди Фитр дар Қирғизистон, Узбакистон ва Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i35456-15_июн_Иди_Фитр_дар_Қирғизистон_Узбакистон_ва_Қазоқистон
Дар дидори муфтиёни Қирғизистон, Узбакистон ва Қазоқистон дар Тошканд, таърихи Иди Фитр дар ин се кишвар таъйин шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 11, 2018 11:40 Asia/Dushanbe
  • 15 июн, Иди Фитр дар Қирғизистон, Узбакистон ва Қазоқистон

Дар дидори муфтиёни Қирғизистон, Узбакистон ва Қазоқистон дар Тошканд, таърихи Иди Фитр дар ин се кишвар таъйин шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, таъйини рӯзи Иди Фитр ва Иди Қурбон, аҳдофи аслии ин нишаст буд.

Ҳамчунин тарафайн тақвияти ҳамкориҳо ва табодули иттилоот байни муфтиёти се кишварро баррасӣ карданд.

Илова бар ин, имшаб дар ин кишварҳо шаби Қадр эълом шуд.

Пештар дар Тоҷикистон рӯзи 15 июн, рӯзи Иди Фитр эълом шуда буд.