Зиндон: Муҷозоти омилони ҷиноят дар таваллудхонаи Самарқанди Узбакистон
(last modified Mon, 18 Jun 2018 06:24:45 GMT )
Июн 18, 2018 11:24 Asia/Dushanbe
  • Зиндон: Муҷозоти омилони ҷиноят дар таваллудхонаи Самарқанди Узбакистон

Додгоҳи вилояти Самарқанди Узбакистон, мудир ва дигар коркунони ҷинояткори як таваллудхонаи хусусӣ дар ин вилоятро ба зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, рӯзномаи “Ҳуқуқ”-и чопи Узбакистон дар бораи парвандаи мудҳиши хариду фурӯш ва қатли ваҳшиёнаи навзодон дар як таваллудхонаи хусусӣ дар Самарқанд, хабар дод.

Ба навиштаи ин рӯзнома, кормандони ин таваллудхона барои навзодоне, ки дар ба таври сунъӣ қатъ кардани ҳомилагӣ зинда ба дунё меомаданд, ҳуҷҷатҳои сохта омода мекарданд ва онҳоро аз 500 то 2000 доллар ба хонаводаҳое, ки хоҳони фарзанд буданд, мефурухтанд.

Дар ин таваллудхона, агар навзодон ба фурӯш намерсиданд ва ё дар муддатзамони кӯтоҳ барои онҳо хонаводае пайдо намешуд, онҳоро дар бухорӣ (печка)-и таваллудхона, ки дар асл барои сӯзондани васоили пизишкӣ монанди лавозимоти тиббӣ (бинт, пахта, сӯзандору...) буд, меафканданд ва месӯзонданд.

Додгоҳи вилояти Самарқанд, Нигора Солихонова, мудири ин таваллудхонаро ба 13 сол зиндон маҳкум кард ва чанд корманди дигари ин зоишгоҳ низ ҳар кадом ба солҳои мухталифи ҳабс маҳкум шуданд.

Вақте кирдори кормандони ин таваллудхонаи хусусӣ ошкор шуд, муфаттишон аз бухории таваллудхона боқимондаҳои ҷасадҳои сӯхтаи даҳҳо кӯдакро пайдо кардаанд.