Июн 22, 2018 18:51 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи чанд масҷиди нав дар Узбакистон

Раиси идораи мусулмонони Узбакистон гуфт, дар шаш моҳи охир дар ин кишвар чандин масҷиди нав ба фаъолият оғоз кардааст.

Ба гузориши сомонаи интернетии Подробно, Усмонхон Ҳалимов рӯзи панҷшанбе дар ҳамоиши байналмилалии "арзишҳои динии муштараки халқҳои бародар" дар Чимкенти Қазоқистон гуфт, теъдоди кулли масҷидҳои тозатаъсис ба 13 адад мерасад.

Вай афзуд, дар муддати ёдшуда танҳо дар вилояти Сурхондарёи Узбакистон ҳафт масҷиди ҷомеи нав дарҳои худро ба рӯйи мусулмонон боз кардааст.

Бо даргузашти Ислом Каримов раиси ҷумҳурии динситези пешини Узбакистон ва рӯйи кор омадани Шавкат Мирзиёев тақрибан ҳафтае нест, ки аз пешрафти умури дин дар ин кишвар хабаре мунташир нашавад.

Ҳамоиши байналмилалии "Арзишҳои динии муштараки халқҳои бародар" рӯзҳои 20-21 июн дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш, Серикбой Сотиболдиуғлу муфтии аъзами Қазоқистон бо ишора ба як каломи ҳикматомезе аз Умари Хайём, шоир ва файласуфи бузурги форсигӯ аз аҳамияти бародарӣ миёни миллатҳои мусулмон дар минтақаи Осиёи Миёна сухан гуфт ва онро заминасози рушди беш аз пеши тамаддуни исломӣ донист.

Дар ҳамоиши Чимкент беш аз 600 нафар аз рӯҳониёну масъулон ва коршиносони умури дини мубини Ислом ширкат доштанд.