Июн 28, 2018 20:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати садҳо террористи қирғиз дар Сурия

Як мақоми амниятии Қирғизистон аз ҳалокати 150 шаҳрванди ин кишвар дар сафҳои гурӯҳҳои террористӣ дар даргириҳои Сурия, хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ханҷарбек Боқиев, муовини раиси Маркази зидди террористии Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар нишасти рӯзи панҷшанбеи парлумони ин кишвар эълом кард, 850 шаҳрванди ин кишвар дар Сурия ҳузур доранд, ки 150 нафар аз онҳо дар даргириҳои чанд соли гузашта дар Сурия кушта шудаанд.

Вай афзуд, ин 850 қирғиз барои ҳузур дар сафҳои гурӯҳҳои террористӣ ба Сурия, сафар карданд ва дар хусуси онҳо парвандаҳои ҷиноӣ ташкил шудааст.

Давлати Қирғизистон пештар аз ҳузури 600 нафар аз атбои худ дар Сурия ва кушта шудани 70 нафар хабар дода буд.

Тибқи иттилооти расмӣ беш аз панҷ ҳазор шаҳвардони кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти таъсири ДИИШ кишвари худро ба мақсад Сурия, тарк карданд.

 

Барчасп