Таъйиди иттиҳоми қотили муҳоҷирони тоҷик ва узбак дар додгоҳи Красноярски Русия
(last modified Sun, 01 Jul 2018 04:49:44 GMT )
Июл 01, 2018 09:49 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди иттиҳоми қотили муҳоҷирони тоҷик ва узбак дар додгоҳи Красноярски Русия

Додгоҳи вилояти Красноярский дар Русия пас аз баррасии парвандаи ҷиноии яке аз сокинони ин минтақа иттиҳоми ҳашт мавриди қатли коргарони муҳоҷири тоҷик ва узбак ва ҳафт мавриди талош барои қатли муҳоҷиронро таъйид кард.

Ба гузориши сомонаи додситонии вилояти Красноярский, Евгений Киселников дастёри аршади додситони ин минтақа гуфт, иттиҳомоти Евгений Красноярови 45-сола яке аз пурсарусдотарин парвандаҳо, дар додгоҳ таъйид шуда ва ин фард ба зиндони абад маҳкум шудааст.

Вай гуфтааст, ин фард ба ҳашт мавриди қатли коргарони муҳоҷири тоҷик ва узбк ва ҳафт мавриди талош барои қатли шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ бар пояи танаффури нажодӣ ва ғорати амвол бо истифода аз аслиҳа муттаҳам аст, ки ин иттиҳомотро тайи солҳои 2006 то 2016 муртакиб шудааст.

Аз ҷумлаи ҷиноятҳои ин фард метавон ба қатли ду коргари муҳоҷири узбакистонӣ ва ду ҳамроҳи онон, ки шаҳрвандони Русия будаанд, дар соли 2013 ишора кард. Вай ҳамчунин як духтари русро, ки ҳамроҳи коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ кор мекард, ба қатл расондааст.

Бештари қурбониёни ин фард, коргарони муҳоҷири тоҷик ва узбак будаанд, ки дар бозори шаҳри Чита маркази вилояти Забайкалия мева ва сабзиҷот мефурӯхтаанд.

Полиси Русия дар соли 2016 муваффақ шуд Евгений Краснояровро боздошт кунад.