Июл 05, 2018 17:15 Asia/Dushanbe
  • Лағви виза барои гардишгарони 101 кишвари ҷаҳон дар Узбакистон

Узбакистон аз 15 июл ба шаҳрвандони 101 кишвари ҷаҳон ҳаққи сафари бидуни виза ба муҳлати то 5 рӯз медиҳад. Ин иқдом имкон медиҳад, то сайёҳоне ки мехоҳанд якбора чанд кишвари Осиёи Марказиро бубинанд, аз Узбакистон низ боздид кунанд ваё тавассути фурудгоҳҳои ин кишвар сафар кунанд.

Ба иттилои Ахбор, дар матбуоти расмии Узбакистон матни фармони нави президент Шавкат Мирзиёев нашр шуд. Ин фармон аз 15 июл ба шаҳрвандони 101 кишвари ҷаҳон ҳақ медиҳад, ки барои муҳлати то 5 рӯз бидуни виза аз Узбакистон боздид кунанд.

Дар фармони Мирзиёев аз ҷумла гуфта мешавад: "Аз 15 июл тартиби бидуни визаи вуруд, будубоши муваққат ва хуруҷ аз Узбакистон ба муҳлати то 5 рӯз дар гузаргоҳҳо ва фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат муқаррар карда шавад.”

Ин иқдомот бахше дигар аз сиёсати Тошканд барои ҷалби сайёҳони бештари хориҷист. Узбакистон ҳамин тавр, аз 1 май дар фурудгоҳҳояш ба додани визаи серӯза ба шаҳрвандони хориҷӣ шуруъ карда буд.

Тартиби нави сафари бидуни виза ба Узбакистон шаҳрвандони тақрибан ҳамаи кишварҳои Аврупо, Амрико, Канада, Мексика, Ямайка, кишварҳои арабӣ аз Ӯмон то Марокаш, Ветнам, кишварҳои Амрикои Лотинӣ, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Муғулистон ва аз ҳамсояҳо Туркманистонро фаро мегирад.

Барои дарёфти чунин виза ба шаҳрвандони ин 101 кишвар танҳо лозим аст, ки чиптаи парвоз ба кишвари сеюмро нишон бидиҳанд.

Узбакистон ҳамчунин аз 15 июл тартиби ироаи визаи электрониро тавассути сомонаи e-visa.uz ҷорӣ мекунад ва дигар зарурати муроҷиати ҳатмии шаҳрвандони хориҷӣ ба намояндагиҳои дипломатии ин кишвар аз байн меравад.

Моҳи феврал Шавкат Мирзиёев режими визаро барои шаҳрвандони Исроил, Индонезия, Кореяи ҷанубӣ, Малайзия, Туркия, Япония ва Сингапур аз байн бурда, барои шаҳрвандони 39 кишвари дигар тартиби содаи дарёфти визаи туристиро ҷорӣ карда буд.

Узбакистон ба ҷуз аз Тоҷикистон бо дигар кишварҳои СНГ ва Гурҷистон низ виза надорад.

Моҳи март роҳбарони Тоҷикистону Узбакистон дар Душанбе ба созишномае имзо карданд, ки бар асоси он шаҳрвандони ҳарду кишвар ҳаққи сафари бидуни виза ба муҳлати то 30 рӯзро ба даст оварданд.