Июл 08, 2018 13:53 Asia/Dushanbe
  • Дидори сарони Ӯзбакистон ва Тоҷикистон дар Остона

Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон, раисони ҷумҳурии Ӯзбакистон ва Тоҷикистон бар густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф таъкид карданд.

Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон, ки ба манзури ширкат дар маросими ҷашни бистумин солгарди таъсиси шаҳри Остона - пойтахти Қазоқистон ва эъломи пойтахти Қазоқистон ба унвони Маркази ҷадиди молии байналмилалӣ ба ин шаҳр сафар кардаанд, дар дидори дуҷониба дар хусуси равобити миёни ду кишвар гуфтугӯ карданд.

Дидори раисони ҷумҳурии Ӯзбакистон ва Тоҷикистон барои давлатҳо ва миллатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз аҳамияти бисёр зиёде бархурдор аст.

Миллатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ пайвастагии зиёде бо якдигар доранд. Дар ин миён, наздикӣ ва қаробати ду миллати ӯзбак ва тоҷик аз дигар миллатҳои ин ҳавза пуррангтар аст. Табиист, ки ҳалли мушкилоти ин ду кишвари ҳамсоя бар дигар ҷумҳуриҳои ин ҳавза таъсироти мусбати зиёде бар ҷой хоҳад гузошт.

Бо вуҷуди ин, бархе коршиносон дар ин замина тардидҳое матраҳ мекунанд. Ба унвони мисол, Алим Шерзамонов, коршиноси тоҷик низ бар ин бовар аст, ки барои одисозии равобити пуртаниши Ӯзбакистон ва Тоҷикистон дар шароити феълӣ дар миёни нухбагони сиёсии ин ду кишвар ҳам иродаи ҷиддӣ вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, дар ояндаи наздик умеде ба беҳбуди муносиботи Тошканд ва Душанбе вуҷуд надорад.

Бо вуҷуди ихтилофҳои ду кишвари ҳамсоя, бо рӯйи кор омадани Шавкат Мирзиёев дар авохири соли 2016-и мелодӣ, ибтикороте аз сӯйи вай дар заминаи беҳбуди равобити Ӯзбакистон бо Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон анҷом шуд, ки бо сафари сарони ин ҷумҳуриҳо ба Тошканд ва сафарҳои раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба ин се кишвар ҳамроҳ буд.

Дар воқеъ бояд гуфт, ду дидори раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон бо мақомҳои Туркманистон ва Қазоқистон ва низ сафари ахири Шавкат Мирзиёев ба Қирғизистон, ба ҳалли бахши умдаи мушкилоти чаҳор кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ бо якдигар боис гаштааст.

Бо вуҷуди ин, миёни Тошканд ва Душанбе мушкилоте вуҷуд дорад, ки то кунун монеи ҳалли ихтилофҳои ду кишвари ҳамсоя шудааст. Ба унвони мисол, метавон ба таниши ду кишвари ҳамсоя дар заминаи тарҳи бунёди нерӯгоҳи обии “Роғун” ишора кард. Сохти ин нерӯгоҳи 335 метрӣ дар хоки Тоҷикистон дар оғози истиқлол бо мухолифат ва нигаронии Ӯзбакистон оғоз шудааст. Давлати Тошканд дар замони Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии собиқи Ӯзбакистон сохти ин нерӯгоҳро далели бурузи мушкили об дар минтақа арзёбӣ карда буд. Ин мушкил дар муносиботи ду кишвар боис шуд, ҳар сол мушкиле бар мушкилоти гузашта афзуда шавад.

Дар охирин маврид аз ихтилофҳои ду кишвар рӯзи панҷшанбеи гузашта ва дар остонаи дидори сарони Тошканд ва Душанбе, гумруки Тоҷикистон воридоту содироти бархе аз колоҳо аз Ӯзбакистонро ба таври шадид ва бесобиқае маҳдуд кардааст. Шояд ба далели ҳамин мушкилот ва идомаи онҳо аст, ки бо вуҷуди афзоиши 50 дарсадии ҳаҷми мубодилоти тиҷории Ӯзбакистон ва Тоҷикистон, ин рақам аз 50 миллион доллар дар сол фаротар нарафтааст.