Июл 23, 2018 08:08 Asia/Dushanbe
  • Истирдоди муттаҳам ба терроризми ӯзбакистонӣ бо шиносномаи тақаллубии тоҷикӣ

Мақомоти Туркия ахиран Зокир Раҳимови 45 сола, муттаҳам ба узвият дар гурӯҳҳои террористиро ба Тошканд истирдод карданд, ки аз соли 2000-уми мелодӣ дар Ӯзбакистон таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор доштааст.

Ба гузориши шабакаи аввали телевизиони Ӯзбакистон, мақомоти Хадамоти амнияти миллии ин кишвар гуфтаанд, ки вай тайи ин солҳо бо шиносномаҳои қалбакии кишварҳои мухталиф, аз ҷумла ду паспорти хориҷии шаҳрвандии Тоҷикистон махфӣ шудааст.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки Зокир Раҳимов тайи ин солҳо дар фаъолияти созмонҳои мухталифи террористие назири Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ва Ҳаракати Ҷиҳоди Исломӣ мушорикат дошта ва дар солҳои ахир дар Туркия ба ҷазби нерӯ барои гурӯҳи террористии ДИИШ машғул будааст.

Ба гуфтаи мақомоти амниятии Ӯзбакистон, вай то соли 2005 ва замони рафтан ба Туркия, бо шиносномаи қалбакии шаҳрвандии Тоҷикистон бо номи Рустам Фозилов фаъолият мекардааст.

Ҳамчунин дар соли 2014 вай як шиносномаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба номи Баҳром Бӯроновро дастрас кардааст.

Гуфта мешавад, ки Зокир Раҳимов 3 зан ва 9 фарзанд дорад ва ҳамсари дувуми вай, ки исми аслиаш Азиза Нурова ва мутаваллиди вилояти Навоии Ӯзбакистон аст, бо шиносномаи қалбакӣ ё ҷаълии қирғизӣ ба номи Фотима Азимова зиндагӣ мекардааст.

Тайи наздик ба 20 сол Зокир Раҳимов дар қаламрави Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Туркия бо исмҳои мухталиф ва гузарномаҳо (шиносномаҳо)-и ҷаълии чанд кишвар фаъолият мекардааст.