Таваҷҷуҳи Маскаву Вашингтон ба Тошканд
(last modified Tue, 06 Sep 2016 14:51:05 GMT )
Сентябр 06, 2016 19:51 Asia/Dushanbe
  • Таваҷҷуҳи Маскаву Вашингтон ба Тошканд

Сафари Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Даниел Роземблюм, мушовири вазири умури хориҷии Амрико ба Узбакистон гумоназаниҳоро дар мавриди талоши ин ду қудрати ҷаҳонӣ барои нуфузи бештар дар давлати ояндаи Тошканд бештар кардааст.

Раисҷумҳури Русия ҳангоми дидор бо Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон дар Самарқанд ишора кардааст, ки Тошканд метавонад ба кӯмаки ҳамаҷонибаи Маскав дар тамоми умури худ такя кунад. Аз сӯйи дигар Шавкат Мирзиёев низ Русияро шарики стратегии Узбакистон хонда, ба тавсеаи ҳамкориҳои Тошканду Маскав дар оянда таъкид кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Даниел Розенблюм, мушовири вазири корҳои хориҷии Амрико низ давраи гузорро дар Узбакистон шонсе барои ин кишвар донистааст, ки бо истифода аз ин фурсат Тошканд метавонад мавқеашро дар арсаи ҷаҳонӣ тақвият бахшад. Розенблюм аз қавли раисҷумҳури Амрико ба масъулони феълии Тошканд гӯшзад кардааст, ки Узбакистон ба марҳалаи нави таърихии худ ворид мешавад.

Ба ҳамин тартиб авзои ояндаи Узбакистон ин рӯзҳо дар маркази таваҷҷуҳи маҳофили сиёсии ҷаҳон қарор дорад. Рузномаи "Файнаншл таймз" бо интишори мақолае дар бораи Узбакистон навиштааст, ки агар дар раванди интиқоли қудрат дар Тошканд рақобати гурӯҳҳои сиёсӣ ташдид шавад, гурӯҳҳои радикали исломӣ метавонанд аз ин фурсат ба нафъи худ баҳрабардорӣ кунанд.

Иршод Сулаймонӣ, коршиноси сиёсии тоҷик Узбакистонро кишвари муҳими Осиёи Марказӣ хонда афзуд, сафари Владимир Путин ва Даниел Роземблюм бо ҳадафи таъсиргузорӣ дар ташкили ҳукумати ҷадид дар Тошканд сурат гирифтааст. Оқои Сулаймонӣ муътақид аст, ки агар интиқоли қудрат дар Тошканд ба таври мусолиматомез сурат нагирад, минтақа паёмадҳои нохушояндеро интизор хоҳад буд.

Оқои Хуҷаста, таҳлилгари масоили минтақаӣ дар Хуҷанд бар ин назар аст, ки бо ташкили ҳукумати ҷадид дар Тошканд таҳаввулоти тозае дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии Узбакистон эҷод хоҳад шуд ва Тошканд бо таваҷҷуҳ ба шароити ҷадиди минтақа ва ҷаҳон сиёсати нармтареро дар равобит бо ҳамсояҳои хеш дар пеш хоҳад гирифт. Зимнан Иршод Сулаймонӣ ҳам дар ин иртибот бар ин бовар аст, ки ҳукумати ҷадиди Тошканд зимни идомаи роҳи Ислом Каримов ҳамзамон тағйиротеро дар муносиботи хеш бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар назар хоҳад гирифт.

Ин дар ҳолест, ки Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, таҳлилгари масоили сиёсии минтақа дар Душанбе муътақид аст, ки бо рафтани ислом Каримов ҳам дар Узбакистон ҳеҷ гуна тағйироти мусбате рух нахоҳад дод ва кишварҳо, халқҳои ҳамсоя, Узбакистони демократиро ба ин зудӣ намебинанд. Ба гуфтаи Оқои Дӯстмуҳаммадиён, режимҳое назири Тошканд танҳо бар асари таҳаввулотҳои умдаи табиию иҷтимоӣ ва ҳамчунин инқилобҳо қобили таҳаввул мебошанд. Мутаассифона, таърихи хаттии инсоният ёд надорад, ки ин гуна давлатҳо аз роҳҳои осоишта тағйир ёфта бошанд.