Дидори намояндагони Толибон бо мақомоти Узбакистон
(last modified Mon, 13 Aug 2018 06:34:17 GMT )
Август 13, 2018 11:34 Asia/Dushanbe
  • Дидори намояндагони Толибон бо мақомоти Узбакистон

ӯрои олии сулҳи Афғонистон эълом кард, дидори ахири намояндагони Толибон бо мақомоти Узбакистон дар ҳамоҳангӣ бо давлати Ашраф Ғанӣ анҷом гирифтааст.

Ба гузориши расонаҳои хабарӣ, ҳайате аз намояндагони Толибон ба раёсати Аббос Станакзай ба Узбакистон сафар карда ва бо мақомоти ин кишвар дар бораи хурӯҷи низомиёни хориҷӣ ва оғози музокироти сулҳ бо давлати Афғонистон гуфтугӯ кардааст.

Эҳсон Тоҳирӣ, сухангӯи Шӯрои олии сулҳи Афғонистон дар вокуниш ба ин мавзӯ гуфт, давлати Узбакистон дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти афғон, бархе аз сарони Толибонро ба ин кишвар даъват карда буд.

Ахиран аҳзоби сиёсии Афғонистон аз Толибон хостааст ба ҷои музокира бо дигар кишварҳо, вориди музокироти сулҳ бо давлати Афғонистон шаванд.

Дар чанд рӯзи гузашта аҳзоб, фармондеҳони собиқи ҷиҳодӣ, бузургони ақвом ва шахсиятҳои сиёсӣ, аз ҷумла Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури собиқи Афғонистон барои оғози музокироти сулҳ бо Толибон, эъломи омодагӣ кардаанд.