Маҳдудияти фурӯши машруботи спиртӣ дар Узбакистон
(last modified Tue, 14 Aug 2018 07:31:58 GMT )
Август 14, 2018 12:31 Asia/Dushanbe
  • Маҳдудияти фурӯши машруботи спиртӣ дар Узбакистон

Ҳукумати Узбакистон бо тасвиби тарҳе барои фурӯши машруботи спиртӣ маҳдудиятҳоеро эъмол кард.

Ба гузориши манобеи хабарии Узбакистон, тарҳи эъмоли маҳдудиятҳо барои фурӯши машруботи спиртӣ ба имзои Абдуллоҳ Орифов, нахуствазири ин кишвар расида ва барои иҷро ба бахшҳои марбутаи ҳукумат ирсол шудааст. Бар асоси ин тарҳ, аз ин пас моликон ва кормандони ошхонаҳо ҳаққи фурӯши анвои машруботи спиртиро баъди соати 22 надоранд. Ҳамчунин ин маҳдудият барои фурӯшгоҳҳои маводи ғизоӣ то соати 21 муқаррар шудааст.

Абдуллоҳ Орифов, нахуствазири Узбакистон дар иртибот бо тарҳи ёдшуда дар як ҷаласаи ҳукуматӣ гуфтааст, ки ба сохторҳои интизомӣ дастур дода шудааст, то бо мутахаллифони ин тарҳ бо шиддати ҳарчи тамомтар бархӯрд кунанд. Ин дар ҳолест, ки дар солҳои ахир омори марокизи фурӯши машруботи спиртӣ дар Узбакистон ба шиддат коҳиш ёфтааст. Ҳамин раванд дар кишвари дигари мусалмоннишини Осиёи Марказӣ, яъне Тоҷикистон низ мушоҳида мешавад.

Тарҳи ҷадиди Ҳукумати Узбакистон мабнӣ бар маҳдудсозии замони фурӯши машруботи спиртӣ дар ҳоле пиёда мешавад, ки ахиран чанд нафар аз чеҳраҳои саршиноси варзишӣ ва ҳунарии ҷомеаи Узбакистон дар марокизи тафреҳӣ бар асари мушоҷараҳои лафзию физикӣ кушта шуданд. Иллати аслии ин хушунатҳо масрафи машруботи спиртӣ эълом шудааст.

Бо рӯйи кор омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон раванди додани озодиҳои динӣ ба мардуми мусалмони ин кишвар оғоз шудааст.

Дар давраи Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини Узбакистон фурӯш ва масрафи машруботи спиртӣ дар ин кишвар густариш ёфта буд.