Август 16, 2018 17:17 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон як минтақаро ба Узбакистон вогузар мекунад

Дафтари мудирияти вилояти Уши Қирғизистон аз ҳамоҳангии масъалаи интиқоли минтақаи Барак ба Узбакистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Бойш Юсуфов, мудири маркази матбуотии дафтари мудирияти вилояти Уши Қирғизистон аз барномаи интиқоли минтақаи Барак ба Узбакистон хабар дод.

Бар асоси ин гузориш, дар қолаби музокироти мақомоти Қирғизистон ва Узбакистон дар иртибот бо таъйини марзҳои муштарак ва баррасии вазъияти минтақаи марзии Барак, музокироте анҷом шуд.

Минтақаи Барак агарчи дар қаламрави Қирғизистон аст, аммо таҳти назорати давлати Узбакистон қарор дорад.

Ҳамчунин дар ин қаламрави 230 гектарӣ, ҳудуди 75 шаҳрванди Қирғизистон зиндагӣ мекунанд ва мушкилоти ҷиддӣ, ҳангоми убур аз марзҳои ду кишвар доранд.

Давлати Қирғизистон низ қарор аст, ба ҷои Барак, минтақаи дигареро аз хоки Узбакистон дар ихтиёр бигирад.

Дар ҳоли ҳозир мавзӯи мазкур масъалаи ҳамоҳангӣ байни мақомоти қирғиз ва узбакро, тай мекунад ва тасмими қатъӣ содир нашудааст.

Ду минтақаи Сух ва Шоҳимардони Узбакистон низ дар қаламрави Қирғизистон қарор дорад.